МОДАРИ ФАРЗАНДКУШ
Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи А.Ҷомӣ шаҳрванд Адрасмо Қаландарова соли таваллудаш 1975 сокини деҳаи Яккатути ноҳияи мазкур дастгир шуд. Тибқи иттилои корманди дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, моҳи феврали соли равон А. Қаландарова шабона таваллуд карда кӯдаки худро зинда дар замини назди ҳавлигии худ гӯронидааст. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






