МУҲОҶИРОН АЗ НБО-И РОҒУН МЕКӮЧАНД

Март 11, 2010 09:48

Роғун, 10 март. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). — Тавре, ки раиси ҷамоати деҳоти Сичароғ Давлатой Даҳмардаева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, шумораи муҳоҷирони минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун 372 оиларо дар бар мегирад. Аз ин шумора 131 оила ба шаҳри Турсунзода кӯчонида мешаванд. Боқимондаи аҳолӣ ба деҳаҳои гирду атрофи шаҳр кучонида мешаванд ва  бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ бо заминҳои манзили зист таъмин карда мешаванд. Бояд гуфт, ки то имрӯз 119 нафар муҳоҷирони экологӣ аз қайд бароварда шудаанд, ки (12 нафари онҳо дар муҳоҷиратии Руссия мебошанд). Давлатой Даҳмардаева афзуд,ки он муҳоҷироне, ки аз деҳаҳои Талхакчашма ва Сичароғ ба шаҳри Турсунзода муҳоҷир шуда мераванд ба ҳар як оила аз ҷониби мақомоти иҷроияи шаҳри Турсунзода ба масоҳати 8 сотиқ замин, барои бунёди маҳалли зист замин таъмин карда шудааст ва айни замон бунёди сохтмонҳои истиқоматӣ дар маҳаллаи нав нав оғоз гардидааст. 

Март 11, 2010 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад