МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ ИСТИФОДАИ ОБ ДАР СММ

Март 18, 2010 09:54

 Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар»,  Фарангис  Раҳимова). – Сарони  давлатҳо ва  ҳукуматҳои  мамлакатҳои  ҷаҳон  22  март  барои  муҳокимаи  проблемаҳои  марбут ба   захираҳои об,  истифодаи он барои  рушди  устувор,  ҳифзи  муҳити  зист  ва барҳам  додани  қашшоқию  гуруснагӣ дар  Созмони  Милали  Муттаҳид  ҷамъ  меоянд. Дар  ин  ҷамъомад  Сарвазири  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Оқил  Оқилов  иштирок  хоҳад  кард. Намояндаи  доимии  Тоҷикистон  дар  СММ  Сироҷиддин  Аслов  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  барои  муҳокимаи   ин  масъала   дар  СММ  дар  мавзӯъҳои  «Проблемаҳои об ва  амалӣ  сохтани  ҳадафҳои  рушди  ҳазорсола»,  «Таъсири  тағйир  ёфтани  иқлим ба  захираҳои об» ва «Об ва  ҳамкории  минтақавию  байналмилалӣ»  маҳфилҳои  алоҳида  ташкил  карда  мешаванд. Ёдовар  мешавем, ки  Маҷмаи  кулли  СММ  моҳи  декабри  соли  2009  қатъномаро  дар бораи  амалӣ  сохтани  тадбирҳои  даҳсолаи байналхалқии  «Об  барои  ҳаёт» — ро  тасдиқ  карда  буд.  Дар  қатътнома ба  пешниҳоди  Ҳукумати  Тоҷикистон  дар  бораи  гузаронидани  конфронси  байналмилалӣ  бахшида ба  ҷараёни  иҷрои  тадбирҳои   даҳсолаи  байналхалқӣ баҳои  баланд дода мешавад. 

Март 18, 2010 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд