МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ ИСТИФОДАИ ОБ ДАР СММ
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои мамлакатҳои ҷаҳон 22 март барои муҳокимаи проблемаҳои марбут ба захираҳои об, истифодаи он барои рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва барҳам додани қашшоқию гуруснагӣ дар Созмони Милали Муттаҳид ҷамъ меоянд. Дар ин ҷамъомад Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов иштирок хоҳад кард. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки барои муҳокимаи ин масъала дар СММ дар мавзӯъҳои «Проблемаҳои об ва амалӣ сохтани ҳадафҳои рушди ҳазорсола», «Таъсири тағйир ёфтани иқлим ба захираҳои об» ва «Об ва ҳамкории минтақавию байналмилалӣ» маҳфилҳои алоҳида ташкил карда мешаванд. Ёдовар мешавем, ки Маҷмаи кулли СММ моҳи декабри соли 2009 қатъномаро дар бораи амалӣ сохтани тадбирҳои даҳсолаи байналхалқии «Об барои ҳаёт» — ро тасдиқ карда буд. Дар қатътнома ба пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи гузаронидани конфронси байналмилалӣ бахшида ба ҷараёни иҷрои тадбирҳои даҳсолаи байналхалқӣ баҳои баланд дода мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






