МУКОФОТҲО БА ЖУРНАЛИСТОНИ «ХОВАР»
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Тавре хабар дода шуда буд, имрӯз дар Театри давлатии академии драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба муносибати иди касбии журналистон — Рӯзи матбуот ҷамъомади ботантана баргузор мегардад. Дар он ба кормандони беҳтарини воситаҳои ахбори оммавии ҷумҳурӣ мукофотҳо супорида хоҳанд шуд. Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки чанд нафар кормандони Агентии иттилоотии мазкур низ бо нишонҳои сарисинагии Вазорати маориф сарфароз гардонида мешаванд. Аз ҷумла, ба кормандони АМИТ «Ховар» Покиза Маҳмадбекова, Дилшода Ҷонмардова ва Фарангис Раҳимова нишони «Аълочии фарҳанг» ва ба Кристина Эрлих, Людмила Дубинина ва Самад Юсуфӣ нишони «Аълочии матбуот» супорида мешавад. Дар ҷамъомади мазкур вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ ширкат варзида, ҷамъомадагонро ба шарафи Рӯзи матбуот табрик менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






