МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО Н. БОРДЮЖА

Март 26, 2010 17:05

Душанбе,  26 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Вазири  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ  имрӯз  бо Муншии  умумии  Созмони  аҳдномаи амнияти  дастаҷамъӣ  Николай  Бордюжа  мулоқот  кард, ки барои боздиди корӣ ба  Душанбе омадааст. Мусоҳибон роҷеъ ба  вазифаҳои  аввалиндараҷаи  СААД   дар  бораи  ба  роҳ  андохтани  ҳамкории ҳарбию  сиёсӣ,  ҳарбию  иқтисодӣ  ва таъмини  амнияти  босубот  дар минтақаи  таҳти  масъулияти  созмон табодули назар  намуданд. Аз  ҷумла,  ҷараёни  иҷрои  қарорҳои  Шӯрои  амнияти  дастаҷамъӣ,  ҳамоҳанг  сохтани  фаъолияти  сиёсии  берунии   давлатҳои  аъзои созмон ва  ҳамкории  он  бо  муассисаҳои  дигари байналхалқӣ  муҳокима  шуданд. Н.Бордюжа  дар  бораи  натиҷаҳои  маҷлиси ғайринавбатии  Шӯрои  вазирони   корҳои  хориҷии  мамлакатҳои  аъзои  СААД  маълумот  дод, ки  25  март  дар  шаҳри  Маскав  баргузор  гардид.  Вай  ба  ҳамкории  Тоҷикистон  бо  СААД  баҳои баланд  дод.

Март 26, 2010 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд