МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО И. ШУВАЛОВ

Март 1, 2010 15:58

1 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Муовини аввали  Раиси  Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шуваловро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои  Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тоҷикистон ба рушди  муносибатҳои  худ бо Федератсияи Россия, ки ҷавобгўи имконоти васеъ ва манфиатҳои дуҷонибаи  давлатҳо  мебошанд  аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Афзоиши ҳаҷми тиҷорати хориҷии ду давлат  ба андозаи се баробар дар давоми  ҳафт соли охир шаҳодати воқеии рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Россия дар асоси  ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба ҳисоб мераванд, изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Муовини аввали  Раиси  Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шувалов  дар навбати худ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ ва саҳми муносиб доштан дар раванди  рушди бемайлони  муносибатҳои Тоҷикистону Россия изҳори сипосу миннатдорӣ кард. Дар мулоқот масоили омодагиҳои муштараки давлатҳои аъзои иттиҳод ба таҷлили ҷашни 65- солагии Ѓалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Конфронси байналмиллалии ҷумҳуриҳои узви ИДМ оид ба  рушди илму инноватсия  баррасӣ гардиданд. Мусоҳибон инчунин масоили рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россияро дар соҳаҳои энергетика, истихроҷи  нафту гази табиӣ   дар ҳудуди Тоҷикистон, нақлиёт, бозори меҳнат, кишоварзӣ, илму техника, маориф  ва   фарҳанг мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Март 1, 2010 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд