МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО И. ШУВАЛОВ
1 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шуваловро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои худ бо Федератсияи Россия, ки ҷавобгўи имконоти васеъ ва манфиатҳои дуҷонибаи давлатҳо мебошанд аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Афзоиши ҳаҷми тиҷорати хориҷии ду давлат ба андозаи се баробар дар давоми ҳафт соли охир шаҳодати воқеии рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Россия дар асоси ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба ҳисоб мераванд, изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Муовини аввали Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шувалов дар навбати худ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ ва саҳми муносиб доштан дар раванди рушди бемайлони муносибатҳои Тоҷикистону Россия изҳори сипосу миннатдорӣ кард. Дар мулоқот масоили омодагиҳои муштараки давлатҳои аъзои иттиҳод ба таҷлили ҷашни 65- солагии Ѓалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Конфронси байналмиллалии ҷумҳуриҳои узви ИДМ оид ба рушди илму инноватсия баррасӣ гардиданд. Мусоҳибон инчунин масоили рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россияро дар соҳаҳои энергетика, истихроҷи нафту гази табиӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, нақлиёт, бозори меҳнат, кишоварзӣ, илму техника, маориф ва фарҳанг мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






