МУЛОҚОТИ О.ОҚИЛОВ БО МАЙКЛ ҶОНС

Март 18, 2010 14:54

Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар»,  Бекназари  Абӯбакр). —  Имрӯз   зимни  мулоқоти  Сарвазири  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Оқил  Оқилов  бо  ҳамоҳангсози Барномаи  рушди  Созмони  Милали  Муттаҳид  дар  Тоҷикистон  Майкл  Ҷонс  масъалаҳои  тайёрӣ  ба  конфронси  намояндагони  воломақоми   мамлакатҳои  аъзои  СММ бахшида ба   иҷрои тадбирҳои  Барномаи байналхалқии   амалиёти  даҳсола  «Об  барои  ҳаёт»  муҳокима  шуданд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   зимни  мулоқот  инчунин  нақшаҳои  дурнамои  муносибатҳо  ва  ҳамкории  Тоҷикистон  ва Муассисаи  рушди  СММ мавриди  баррасӣ  қарор  гирифтанд. Ёдовар  мешавем, ки  конфронси  мазкур  моҳи  июли  соли равон  дар  шаҳри  Душанбе баргузор  мегардад. Иҷлосияи  64 – уми  Маҷмаи  кулли  СММ  лоиҳаи  қатъномаро   дар  бораи  барномаи  байналмилалии   даҳсолаи «Об  барои  ҳаёт»  маъқул донист.  Лоиҳаи  қатъномаро Ҳукумати  Тоҷикистон  ҳамроҳи  35  мамлакати  дигар  ба  СММ  пешниҳод  карда буд.  СММ  дар  робита ба  ҳамаи  мамлакатҳои  ҷаҳон  тавсия  дод, ки   тадбирҳои барномаро  дар   мамлакатҳо ва   минтақаҳои  худ  то  ҳадди  имкон  бештар  амалӣ  созанд. Дар  қатънома  таъкид  карда  мешавад, ки  захираҳои  об  барои  бақои  ҳаёти  инсон,  рушди  устувор,  аз  ҷумла  ҳифзи   муҳити  зист  ва  барҳам  додани  қашшоқию  гуруснагӣ  аҳамияти  ҳалкунанда дорад.  

Март 18, 2010 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд