МУЛОҚОТИ О.ОҚИЛОВ БО МАЙКЛ ҶОНС
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз зимни мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо ҳамоҳангсози Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Майкл Ҷонс масъалаҳои тайёрӣ ба конфронси намояндагони воломақоми мамлакатҳои аъзои СММ бахшида ба иҷрои тадбирҳои Барномаи байналхалқии амалиёти даҳсола «Об барои ҳаёт» муҳокима шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни мулоқот инчунин нақшаҳои дурнамои муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистон ва Муассисаи рушди СММ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур моҳи июли соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Иҷлосияи 64 – уми Маҷмаи кулли СММ лоиҳаи қатъномаро дар бораи барномаи байналмилалии даҳсолаи «Об барои ҳаёт» маъқул донист. Лоиҳаи қатъномаро Ҳукумати Тоҷикистон ҳамроҳи 35 мамлакати дигар ба СММ пешниҳод карда буд. СММ дар робита ба ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон тавсия дод, ки тадбирҳои барномаро дар мамлакатҳо ва минтақаҳои худ то ҳадди имкон бештар амалӣ созанд. Дар қатънома таъкид карда мешавад, ки захираҳои об барои бақои ҳаёти инсон, рушди устувор, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист ва барҳам додани қашшоқию гуруснагӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






