МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНИ КУМИТАҲОИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁ

Март 31, 2010 11:24

Алмаато,  31 март. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Аз  29  то  31  марти  соли  равон  дар  шаҳри  Алмаато мулоқоти   роҳбарону  намояндагони  кумитаҳои  миллии   олимпии   мамлакатҳои  Осиё  баргузор  гардид.  Дар он  масъалаҳои  марбут ба  тайёрӣ  ба  Бозиҳои  7 – уми  зимистонаи  Осиёӣ   дар  соли  2011  муҳокима  карда шуданд. Бозиҳои  7 – уми  зимистонаи  Осиё  соли  оянда дар  Қазоқистон  баргузор мегарданд. Дар  мулоқот   роҳбарону  намояндагони  кумитаҳои  миллии  олимпии мамлакатҳои Осиё, Шӯрои олимпии  Осиё  ва  созмонҳои  дигари  мутасаддӣ  ширкат  варзиданд. Дар  он намояндагони  Кумитаи  миллии  олимпии  Тоҷикистон  низ  иштирок  доштанд.  Иштирокчиёни  мулоқот  дар  давоми  се  рӯз бо  нақшаҳои  тайёрӣ ба Бозиҳои  7 – уми  зимистонаи  Осиё,  аз  ҷумла  маҳалли  гузаронидани  мусобиқаҳо,  таҳқиқи саломатии  варзишгарон,  таъмини  амнияти  онҳо,  ташкили  фурӯши  чиптаҳо,  ҷалби  ихтиёриён  барои  хизматрасонӣ  дар  гузаронидани  бозиҳо  ва  ғайра  шинос  гардиданд. Бозиҳои  зимистонаи  7 – уми  Осиё  аз  30  январ то  6  феврали соли 2011  дар  шаҳрҳои  Остона  ва  Алмаато  баргузор  мегарданд. Барномаи онҳо  5 мусобиқаи  варзишӣ ва  11  намуди  қувваозмоиро  дар  бар  мегирад. Варзишгарони  мамлакатҳои  Осиё  аз  ҷумла  дар  намудҳои  конкитозӣ, рақси рӯи  ях,  чавгонбозӣ,  пойга  ба  воситаи  лижаҳо,  биатлон, ҷаҳиш бо  лижа  аз  баландӣ, тай  кардани  масофаи  муайян бо  лижа  ва  ғайра  қувваозмоӣ  мекунанд. Аз  рӯи  ҳисобҳои  пешакӣ  дар  бозиҳои  мазкур  варзишгарони  30  мамлакат  иштирок  хоҳанд  кард.  

Март 31, 2010 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад