МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНИ МАКТАБҲОИ ОЛИИ ИДОРАИ ДАВЛАТӢ

Март 30, 2010 09:43

Минск,  30 март. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —  Дирӯз   дар Академияи  идораи  назди Президенти  Ҷумҳурии Белорусия  мулоқоти  роҳбарони  академияҳо ва  донишкадаҳои  идораи  давлатӣ  ва  хизмати  давлатии  мамлакатҳои  аъзои  Иттиҳоди  иқтисодии  Евразия  кушода шуд.  Дар ҷараёни  мулоқот  Оинномаи Иттиҳоди  академияҳо ва   донишкадаҳои  идораи  давлатӣ имзо  карда,  инчунин  дар  масъалаҳои  муҳимтарини  соҳа  машварат  баргузор  мегардад. Мулоқоти  мазкур  мувофиқи  паймони  пешакии  дар  анҷумани  сеюми  илмии  байналмилалии  мамлакатҳои  аъзои  Иттиҳоди  иқтисодии  Евразия  дар  соҳаи  омода  сохтан  ва  бозомӯзии  кадрҳои  хадамоти  давлатӣ  дар  шаҳри  Бишкек  моҳи  декабри  соли  2009 гузаронида  мешавад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  аз  Тоҷикистон  дар  ин  мулоқот  муовини  ректори  Донишкадаи  такмили  ихтисоси   кормандони  хизмати  давлатии  ҷумҳурӣ  Ҳомидҷон  Нуриддинов иштирок доранд. 

Март 30, 2010 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд