МУЛОҚОТИ ШУКУРҶОН ЗУҲУРОВ БО КУРБОНГУЛӢ БЕРДИМУҲАММАДОВ

Март 18, 2010 16:56

 Душанбе, 18 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди парлумонии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти  Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 18 март дар Душанбе баррасӣ гардид. Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон доир ба раванди баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон ибрози назар карда, афзуд ки  интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд,  шаффофу демократӣ ҷараён гирифт. Мавсуф шомил гардидани намояндагони 5 ҳизби сиёсиро ба парлумони касбии мамлакат нишонаи таҳкими раванди демократия дар Тоҷикистон арзёбӣ кард. Инчунин, Ш. Зуҳуров густариши муносибатҳои гуногунсоҳаро байни ду кишвари дӯст ва бародар муҳим маънидод кард. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов   Шукурҷон Зуҳуровро  ба муносибати интихоб  гардиданаш ба мансаби Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон табрик  намуд ва изҳори умедворӣ кард, ки дар оянда ҳамкории байнипарлумонии ҳар ду кишвар  ба марҳилаи нав ворид хоҳад гашт. Президенти Туркманистон соҳиби обрӯ ва нуфузи баланд шудани Тоҷикистонро  дар арсаи  байналмилалӣ натиҷа ва самараи талошҳои бесобиқаи парлумони ин кишвар арзёбӣ  кард ва иброз дошт, ки бешубҳа  дар ин самт  саҳми  вакилони  ин мақоми  олии қонунгузори Тоҷикистон муҳим аст.      

Март 18, 2010 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад