МУЛОҚОТИ ФАРМОНДЕҲОНИ ҶУЗЪУ ТОМҲОИ МАРЗБОНИ ҶТ ҚИРҒИЗИСТОН
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Фармондеҳи артиши марзбони Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майор Шералӣ Мирзо имрӯз дар шаҳри Исфара бо раиси Хадамоти давлатии марзбони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, генерал – майор Аскар Ҷаъфаров мулоқот кард. Мусоҳибон дар бораи хусусиятҳо ва тамоилҳои вазъияти минтақаи сарҳадҳои давлатии кишварҳояшон, тадбирҳои афзун гардонидани самаранокии муҳофизати сарҳад, вазъи имрӯза ва нақшаҳои ояндаи ҳамкории хадамоти марзбони ҳар ду мамлакат табодули назар намуданд. Инчунин нақшаи умумии амалиёти муштарак ва ҳамкории ҷузъу томҳои марзбони Тоҷикистон ва Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Қарор дода шуд, ки барои муҳокимаи аризаю шикоятҳои аҳолии минтақаҳои назди сарҳадӣ бахшида ба ҳалли мушкилоти зиндагии онҳо комиссияи муштарак ташкил дода шавад. Ба ҳайати комиссия намояндагони ҷузъу томҳои марзбони ҳар ду кишвар шомил хоҳанд гашт. Дар мулоқот сардорони қисмҳои дахлдори ҳарбии марзбони Тоҷикистону Қирғизистон ширкат варзиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






