МУЛО&#1178ОТИ ФАРМОНДЕ&#1202ОНИ &#1206УЗЪУ ТОМ&#1202ОИ МАРЗБОНИ ҶТ ҚИРҒИЗИСТОН

Март 17, 2010 14:20

Душанбе,  17 март. (АМИТ «Ховар»,  Наталя  Михайлова). —  Фармондеҳи  артиши   марзбони   Ҷумҳурии  Тоҷикистон, генерал – майор  Шералӣ  Мирзо   имрӯз  дар  шаҳри  Исфара  бо  раиси Хадамоти давлатии   марзбони  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Қирғизистон, генерал – майор  Аскар Ҷаъфаров мулоқот  кард. Мусоҳибон  дар  бораи   хусусиятҳо  ва  тамоилҳои  вазъияти   минтақаи   сарҳадҳои  давлатии   кишварҳояшон,  тадбирҳои  афзун  гардонидани  самаранокии  муҳофизати  сарҳад,  вазъи  имрӯза  ва  нақшаҳои ояндаи  ҳамкории  хадамоти  марзбони   ҳар  ду  мамлакат  табодули  назар  намуданд. Инчунин  нақшаи  умумии  амалиёти  муштарак  ва  ҳамкории  ҷузъу  томҳои  марзбони Тоҷикистон  ва  Қирғизистон   мавриди баррасӣ  қарор  дода шуданд.  Қарор  дода шуд, ки  барои  муҳокимаи  аризаю  шикоятҳои   аҳолии   минтақаҳои  назди  сарҳадӣ  бахшида ба  ҳалли  мушкилоти  зиндагии онҳо  комиссияи  муштарак  ташкил дода шавад.  Ба  ҳайати  комиссия   намояндагони  ҷузъу  томҳои  марзбони  ҳар  ду  кишвар  шомил  хоҳанд  гашт. Дар  мулоқот   сардорони   қисмҳои  дахлдори  ҳарбии   марзбони   Тоҷикистону  Қирғизистон  ширкат  варзиданд.

Март 17, 2010 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид