МУОВИНОНИ НАВИ ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 4 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 4 март бо пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ барои аз вазифаи муовинони Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Абдуҳамид Нуралиев, Мирзошариф Шарифов ва муовини Прокурори Генералии ҷумҳурӣ, сарпрокурори ҳарбӣ Юсуф Раҳмонов ризоият дод. Ҳамчунин, палатаи болоии парлумони мамлакат дар асоси пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ ба вазифаи муовини аввали Прокурори Генералии ҷумҳурӣ таъин намудани Абдуқодир Муҳаммадиев, ба вазифаи муовини Прокурори Генералии ҷумҳурӣ таъин намудани Рашид Гулмадшоев, ва муовини Прокурори Генералии ҷумҳурӣ, Сарпрокурори ҳарбӣ таъин намудани Хайрулло Саидов ризоият дод. Бояд зикр кард, ки Абдуқодир Муҳаммадиев қаблан вазифаи сардори раёсати Прокуратураи Генералии ҷумҳуриро ба ӯҳда дошт. Рашид Гулмадшоев ва Хайрулло Саидов дар вазифаҳои прокурори Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд фаъолият кардаанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






