МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАХШИДА БА ИДИ НАВРӮЗ

Март 22, 2010 11:17

Душанбе,  22 март. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Дар  арафаи  иди  Наврӯз  дар  шаҳри  Маскав   қувваозмоии  дӯстонаи  дастаҳои  футболи   кормандони   намояндагии  вазорати  корҳои  дохилии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия,  донишҷӯёни тоҷик, ки   дар  Донишгоҳи  вазорати  корҳои  дохилии   шаҳри  Маскав  таҳсил  мекунанд ва    омӯзгорони  ҳамин  мактаби  олӣ  баргузор  гардид. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад,  ки  ҳамаи  ду  даври  қувваозмоӣ  бо  ҷӯшу  хурӯш  ва тезу тунд  гузашт.  Футболбозони тоҷик  даври аввали бозиро  бо  ҳисоби  чор бар  ду  анҷом  доданд. Вале  даври  дуюми  қувваозмоӣ  ба  фоидаи  ҳамкасбони  русиягии онҳо  ба охир  расид.   Ҳамин тариқ, қувваозмоӣ бо  ҳисоби  панҷ  бар  чор  ба  фоидаи  дастаи  футболбозони  Донишгоҳи  ВКД  Русия  анҷом  ёфт. Котиби  матбуоти  намояндагии  ВКД Тоҷикистон  дар  Русия  Дилбар  Хоҷаева  хабар  дод, ки  байни  намояндагии  ВКД  Тгоҷикистон  дар  Маскав  ва Донишгоҳи   ВКД  Русия  дер  боз  муносибатҳои  хуби  ҳамкорӣ ба роҳ  монда  шудааст. Бояд  гуфт, ки дар  ин донишгоҳ  20  намояндаи  Тоҷикистон  низ  таҳсил  мекунад. Намояндагии  ВКД  Тоҷикистон  дар  Маскав  ҳамроҳи  маъмурияти  донишгоҳ  мулоқотҳои  донишҷӯёнро бо  кормандони  масъули  вазорати  корҳои  дохилии  Тоҷикистон  ва  собиқадорони  милисаи тоҷик  мунтазам  ташкил  менамоянд.  Чунин  тадбирҳо  барои тарбияи  афсарони оянда  дар  рӯхияи  ватандӯстӣ  кӯмаки  калон  мерасонад,  хабар  медиҳад  Д.Хоҷаева.

Март 22, 2010 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад