МУСОБИҚАИ ЗИМИСТОНА ОИД БА ВАРЗИШИ САБУК

Март 5, 2010 17:33

Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). —  6-7 марти соли ҷорӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи варзиши сабук дар Корхонаи воҳиди давлатии «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи зимистонаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук    баргузор мегардад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар  мусобиқа  ҳайати дастаҳои 18-нафараи  вилояти ВМКБ, вилояти Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе Турсунзода ва ноҳияи Ҷиргатол аз рӯи намудҳои  мухталифи варзиши сабук, давидан, гурзпартоӣ, партофтани лаълича, партофтани найза ва ғайра қувваозмоӣ менамоянд. Ғолибоне, ки дар мусобиқаҳои   алоҳида ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд  аз тарафи Кумитаи ҷавонон  бо диплому медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.   

Март 5, 2010 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд