МУСОБИҚАИ ЗИМИСТОНА ОИД БА ВАРЗИШИ САБУК
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 6-7 марти соли ҷорӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи варзиши сабук дар Корхонаи воҳиди давлатии «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи зимистонаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук баргузор мегардад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мусобиқа ҳайати дастаҳои 18-нафараи вилояти ВМКБ, вилояти Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе Турсунзода ва ноҳияи Ҷиргатол аз рӯи намудҳои мухталифи варзиши сабук, давидан, гурзпартоӣ, партофтани лаълича, партофтани найза ва ғайра қувваозмоӣ менамоянд. Ғолибоне, ки дар мусобиқаҳои алоҳида ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд аз тарафи Кумитаи ҷавонон бо диплому медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






