МУСОФИРКАШОНИИ ТАКСАМАТОРӢ КАМ ВА НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ ЗИЁД

Март 4, 2010 10:11

Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар моҳи январи соли 2010 нисбат ба ҳамн давраи соли 2009 мусофиркашонии нақлиёти таксамотории сабукрав кам шуд. Ҳаҷми мусофиркашонӣ нисбат ба моҳи январи  соли 2009 55,8 фоизро ташкил дод. Дар ин муддат тавассути нақлиёти барқӣ 795,8 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст. Раёсати троллейбусҳои шаҳри Душанбе бошад баръакс,  ҳаҷми мусофиркашониро нисбат ба соли сипаришуда 2 фоиз зиёд намуд. Аммо Раёсати троллейбусҳои шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ 7,9 ҳазор нафар мусофир кашондааст. Дар Раёсати троллейбусҳои шаҳри Душанбе изҳор доштанд, ки мусофиркашонии ҳамаи намуди нақлиёт 621,8 млн.мусофир км –ро ташкил додаст, ки нисбат ба моҳи январи соли 2009 1,3 фоиз зиёд аст.

Март 4, 2010 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад