МУСОФИРКАШОНИИ ТАКСАМАТОРӢ КАМ ВА НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ ЗИЁД
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар моҳи январи соли 2010 нисбат ба ҳамн давраи соли 2009 мусофиркашонии нақлиёти таксамотории сабукрав кам шуд. Ҳаҷми мусофиркашонӣ нисбат ба моҳи январи соли 2009 55,8 фоизро ташкил дод. Дар ин муддат тавассути нақлиёти барқӣ 795,8 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст. Раёсати троллейбусҳои шаҳри Душанбе бошад баръакс, ҳаҷми мусофиркашониро нисбат ба соли сипаришуда 2 фоиз зиёд намуд. Аммо Раёсати троллейбусҳои шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ 7,9 ҳазор нафар мусофир кашондааст. Дар Раёсати троллейбусҳои шаҳри Душанбе изҳор доштанд, ки мусофиркашонии ҳамаи намуди нақлиёт 621,8 млн.мусофир км –ро ташкил додаст, ки нисбат ба моҳи январи соли 2009 1,3 фоиз зиёд аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






