МУТАХАССИСОНИ АФҒОН ДАР ХОРУҒ ТАҲСИЛ МЕКУНАНД
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дар филиали Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ барои тайёр намудани мутахассисон аз вилояти Бадахшони Афғонистон курсҳои дусола кушода шуданд. Ҷавонони афғон дар ин курсҳо таҳсил карда, забони англисӣ, технологияи компютерӣ, ҳисобу китоби бухгалтерӣ ва хазинадориро меомӯзанд. Таҳсил дар ин курсҳо ба ҷавонони афғон имкон медиҳад, ки дар мамлакати худ кор ёфта, барои пешрафти иқтисодиёти он хизмат кунанд. Тибқи нақша, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ояндаи наздик дар маркази вилояти Бадахшон — шаҳри Файзобод филиали худро мекушояд. Барои таъмини фаъолияти курсҳои мазкур Агентии рушди байналмилалии ИМА маблағ ҷудо мекунад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






