МУВАФФАҚИЯТӢ НАВИ ТАБИБОНИ ТОҶИК

Март 26, 2010 16:24

Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). –  Дар арафаи ҷашни Наврўз табибони тоҷик боз ба як муваффақияти дигар ноил гаштанд.   Аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба дар Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳиҳои дилу раг ва қафаси синаи Вазорати тандурустӣ бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии бофтаҳо гузаронида шуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд, дар доираи ин иқдом Вазорати тандурустӣ  бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба 12 нафар гирифторони бемории ишемиявии дил  ҳуҷайраҳои бунёдӣ пайванд карда шуд. Бояд қайд намуд, ки истилоҳи «хуҷайраҳои бунёдӣ» бори нахуст соли 1908 аз ҷониби табиби мутахассиси хун  Максимов аз Санкт-Петербург пешниҳод шуда, ин солро ибтидои таърихи ҳуҷайраҳои бунёдӣ ҳисобидаанд.   Дар Федератсияи Россия чанд сол қабл ва дар Латвия бошад, соли 2008 бори нахуст ба гирифторони бемории ишемиявии дил ин намуди табобатро роҳандозӣ кардаанд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Миёна аввалин ва дар Шарқ пас аз Эрону Ҳиндустон ва Чин чорум давлатест, ки ин намуди табобатро роҳандозӣ мекунад. Табибони тоҷик барои гузаронидани ин таҷриба омодагии ҳамаҷониба диданд. Озмоишгоҳи ҳуҷайраҳои бунёдӣ дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино моҳи ноябри соли гузашта ба кор шурўъ кард ва дар ҳамкорӣ бо ҳамаи марказҳои тиббии кишвар фаъолият дорад. Ва ин натиҷаҳои аввалин албатта умедбахшанд.  Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ин намуди ҷарроҳӣ хеле гаронарзиш аст. Ба 12 нафари аввал дар Тоҷикистон ин амалиёт ба таври ройгон гузаронида шуд, қайд намуд манбаъ.

Март 26, 2010 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд