МУВАФФАҚИЯТӢ НАВИ ТАБИБОНИ ТОҶИК
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Дар арафаи ҷашни Наврўз табибони тоҷик боз ба як муваффақияти дигар ноил гаштанд. Аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба дар Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳиҳои дилу раг ва қафаси синаи Вазорати тандурустӣ бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии бофтаҳо гузаронида шуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд, дар доираи ин иқдом Вазорати тандурустӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба 12 нафар гирифторони бемории ишемиявии дил ҳуҷайраҳои бунёдӣ пайванд карда шуд. Бояд қайд намуд, ки истилоҳи «хуҷайраҳои бунёдӣ» бори нахуст соли 1908 аз ҷониби табиби мутахассиси хун Максимов аз Санкт-Петербург пешниҳод шуда, ин солро ибтидои таърихи ҳуҷайраҳои бунёдӣ ҳисобидаанд. Дар Федератсияи Россия чанд сол қабл ва дар Латвия бошад, соли 2008 бори нахуст ба гирифторони бемории ишемиявии дил ин намуди табобатро роҳандозӣ кардаанд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Миёна аввалин ва дар Шарқ пас аз Эрону Ҳиндустон ва Чин чорум давлатест, ки ин намуди табобатро роҳандозӣ мекунад. Табибони тоҷик барои гузаронидани ин таҷриба омодагии ҳамаҷониба диданд. Озмоишгоҳи ҳуҷайраҳои бунёдӣ дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино моҳи ноябри соли гузашта ба кор шурўъ кард ва дар ҳамкорӣ бо ҳамаи марказҳои тиббии кишвар фаъолият дорад. Ва ин натиҷаҳои аввалин албатта умедбахшанд. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ин намуди ҷарроҳӣ хеле гаронарзиш аст. Ба 12 нафари аввал дар Тоҷикистон ин амалиёт ба таври ройгон гузаронида шуд, қайд намуд манбаъ.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






