НАРХИ ГӮШТУ ШИР ВА ТУХМ ЯК БАРОБАР КАМ МЕШАВАД

Март 11, 2010 09:56

Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзӣ ва зерсохторҳои он ҳамаи чораҳоро мендешад, то нархи гӯшт, шир ва тухм як баробар дар соли 2010 арзон гардад,- иброз дошт сардори Раёсати чорводорӣ М.Мирзоев ба мухбири АМИТ «Ховар». Бо ин мақсад дар се соли охир Вазорати кишоварзӣ баҳри  рӯшди соҳаи чорводорӣ «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди соҳаи парррандапарварӣ дар ҶТ барои солҳои 2007 — 2015», «Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар ҶТ барои солҳои 2008 2015» ва «Барномаи рушди кутоспарварӣ дар ҶТ  барои солҳои 2008 — 2015»- ро таҳия намуд, ки  бо қарори  Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ гардиданд. Таҳияи ин барномаҳо имкон медиҳад, ки аҳолии ҷумҳурӣ дар давоми соли ҷорӣ бо гӯшт, шир ва тухми арзони истеҳсол кардашудаи  хоҷагиҳои чорвопарвари ҷумҳурӣ таъмин гардида, ҳатто дар содироти он ба кишварҳои ҳамсоя мувафақ шаванд.                               

Март 11, 2010 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд