НАВРӮЗ ЧУН ЁДГОРИИ ТАЪРИХӢ БОҚӢ ХОҲАД МОНД

Март 29, 2010 12:20

Душанбе, 29 март (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҷашни байналмилалии Наврӯз соли равон бо як фармони Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 5 рӯзи истироҳатӣ табдил ёфт, ки дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ   Наврӯз дар сарзамини тоҷику форс   панҷ рӯз ҷашн гирифта мешудааст , ки   ин як ҷиҳати эҳёи таърихии он аст. Бино ба гуфти Дабири кули Созмони Млали Муттаҳид Пан Ги Мун 21 – уми марти соли 2010 фарогирии  ҷашни наврӯзӣ фарохтар шуд. Давлати Гурҷистон ҳам ин рӯзро ба унвони ҷашни баҳорӣ, рӯзи истироҳат эълом дошт. Президенти Гурҷистон дар шаҳри озарнишини Морнеулӣ ҳангоми баргузории Наврӯз  иброз дошт, ки аз ин баъд ба монанди ҷашнҳои бузурги кишварамон Наврӯз ҷашни саросарии Гурҷистон хоҳад шуд. Наврӯзи имсола дар ҷумҳуриҳои Қазоқистону Туркманистон ба 3 рӯзи истроҳат табдил ёфт. Акнун баробари Тоҷикистону Эрону Афғонистон Наврӯз дар кишварҳои Албания, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Гурҷистон дар  Тотористон, Доғистон, Чеченистон, Мордова ва Ингушетияи  Федератсияи Русия, минтақаи Курдистони Ироқ истироҳати расмӣ эълом гардид. Наврӯз дар кишварҳои Миср , Ҳинд, Непал, Сурия, Туркия ва Чин аз ақаллиятҳои қавмӣ берун шуда, мақоми миллӣ хоҳад гирифт ва барои ин ба таври оммавӣ ҷашн гирифтани Наврӯз дар ин кишварҳо бо номҳои дигар чун  «Ҷашни баҳор»,  «Зиндашавии табиат», «Иди кишти зироат», «Сабзонидани гулу гиёҳ ва  ҷангал» ҷилва додани номи Наврӯз маънии мақоми миллӣ додани он аст. Шояд аз ҷониби мақомоти қонунбарори кишвар аз ин баъд Наврӯз ба унвони оғози соли расмӣ пазируфта шуда,  ёдгоре дар таърихи тоҷикон  боқӣ монад. Аз Наврӯз оғоз шудани соли нав ба   кишвари мо  манфиатҳои  иқтисодӣ оварда метавонад, миллионҳо маблағе, ки барои таъмини гармии мактабҳо ҷудо мегардад, метавонад ба соҳаҳои дигар равона карда шавад. Бо қувваи хонандагону донишҷӯёни  дар таътили зимистона (декабр — феврал) буда, садҳо гегтар боғу ҷангалзорҳо бунёд гардида, китобхонаҳо бо аъзоёни нави китобхон  пурра мегарданд ва  ҳазорон донишҷӯю хонандагони мактабҳои миёнаи умумӣ курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзиро хатм намуда, дар машқгоҳҳои кишвар ба варзиши бадан машғул ва  дар мусобиқаҳои зимистона бемалол ширкат  варзида метавонанд.        

Март 29, 2010 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд