НАВРӮЗ ЧУН ЁДГОРИИ ТАЪРИХӢ БОҚӢ ХОҲАД МОНД
Душанбе, 29 март (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҷашни байналмилалии Наврӯз соли равон бо як фармони Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 5 рӯзи истироҳатӣ табдил ёфт, ки дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯз дар сарзамини тоҷику форс панҷ рӯз ҷашн гирифта мешудааст , ки ин як ҷиҳати эҳёи таърихии он аст. Бино ба гуфти Дабири кули Созмони Млали Муттаҳид Пан Ги Мун 21 – уми марти соли 2010 фарогирии ҷашни наврӯзӣ фарохтар шуд. Давлати Гурҷистон ҳам ин рӯзро ба унвони ҷашни баҳорӣ, рӯзи истироҳат эълом дошт. Президенти Гурҷистон дар шаҳри озарнишини Морнеулӣ ҳангоми баргузории Наврӯз иброз дошт, ки аз ин баъд ба монанди ҷашнҳои бузурги кишварамон Наврӯз ҷашни саросарии Гурҷистон хоҳад шуд. Наврӯзи имсола дар ҷумҳуриҳои Қазоқистону Туркманистон ба 3 рӯзи истроҳат табдил ёфт. Акнун баробари Тоҷикистону Эрону Афғонистон Наврӯз дар кишварҳои Албания, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Гурҷистон дар Тотористон, Доғистон, Чеченистон, Мордова ва Ингушетияи Федератсияи Русия, минтақаи Курдистони Ироқ истироҳати расмӣ эълом гардид. Наврӯз дар кишварҳои Миср , Ҳинд, Непал, Сурия, Туркия ва Чин аз ақаллиятҳои қавмӣ берун шуда, мақоми миллӣ хоҳад гирифт ва барои ин ба таври оммавӣ ҷашн гирифтани Наврӯз дар ин кишварҳо бо номҳои дигар чун «Ҷашни баҳор», «Зиндашавии табиат», «Иди кишти зироат», «Сабзонидани гулу гиёҳ ва ҷангал» ҷилва додани номи Наврӯз маънии мақоми миллӣ додани он аст. Шояд аз ҷониби мақомоти қонунбарори кишвар аз ин баъд Наврӯз ба унвони оғози соли расмӣ пазируфта шуда, ёдгоре дар таърихи тоҷикон боқӣ монад. Аз Наврӯз оғоз шудани соли нав ба кишвари мо манфиатҳои иқтисодӣ оварда метавонад, миллионҳо маблағе, ки барои таъмини гармии мактабҳо ҷудо мегардад, метавонад ба соҳаҳои дигар равона карда шавад. Бо қувваи хонандагону донишҷӯёни дар таътили зимистона (декабр — феврал) буда, садҳо гегтар боғу ҷангалзорҳо бунёд гардида, китобхонаҳо бо аъзоёни нави китобхон пурра мегарданд ва ҳазорон донишҷӯю хонандагони мактабҳои миёнаи умумӣ курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзиро хатм намуда, дар машқгоҳҳои кишвар ба варзиши бадан машғул ва дар мусобиқаҳои зимистона бемалол ширкат варзида метавонанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






