НОМАҲО АЗ БАРОДАРШАҲРҲО

Март 31, 2010 14:22

Душанбе, 31 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- То ба имрӯз унвонии шаҳрдори Душанбе аз ҷониби раисони шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург /Федератсияи Русия/,  Урумчӣ /ҶМЧ/,  Анқара /Туркия/, Тошканд /Ӯзбекистон/,   Бишкек /Қирғизистон/ номаҳо ҷиҳати иштироки варзишгарон дар ниммарафони байналмилалӣ, ки 17 апрел дар Рӯзи пойтахт гузаронида мешавад, расидааст. Ниммарафони байналмилалӣ  соли равон бори нахуст ба ифтихори Рӯзи пойтахт — 17 апрел соати 10-00 тибқи қарори Раиси шаҳр дар  масофаи 21 км гузаронида мешавад. Чорабинии мазкур бо иштироки марафонистони бародаршаҳрҳои Душанбе, ки то имрӯз теъдоди онҳо ба 14 адад мерасад,  баргузор мегардад. Дар робита ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани ин чорабинӣ Кумитаи тадорукот тадбирҳои марбутаро анҷом додаст. Бояд зикр кард, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳури Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Таври анъанавӣ Рӯзи пойтахт барои кулли сокинон аз ҷониби шаҳрдорӣ рӯзи меҳнати созанда  ва рушду ободонии Душанбешаҳр муқаррар гардидааст. Дар ин рӯз тамоми озмунҳои касбии дар тӯли сол эълондоштаи шаҳрдорӣ ҷамъбаст ва ба ғолибон мукофтотҳо тақдим мегардад.  

Март 31, 2010 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд