НОМАҲО АЗ БАРОДАРШАҲРҲО
Душанбе, 31 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- То ба имрӯз унвонии шаҳрдори Душанбе аз ҷониби раисони шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург /Федератсияи Русия/, Урумчӣ /ҶМЧ/, Анқара /Туркия/, Тошканд /Ӯзбекистон/, Бишкек /Қирғизистон/ номаҳо ҷиҳати иштироки варзишгарон дар ниммарафони байналмилалӣ, ки 17 апрел дар Рӯзи пойтахт гузаронида мешавад, расидааст. Ниммарафони байналмилалӣ соли равон бори нахуст ба ифтихори Рӯзи пойтахт — 17 апрел соати 10-00 тибқи қарори Раиси шаҳр дар масофаи 21 км гузаронида мешавад. Чорабинии мазкур бо иштироки марафонистони бародаршаҳрҳои Душанбе, ки то имрӯз теъдоди онҳо ба 14 адад мерасад, баргузор мегардад. Дар робита ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани ин чорабинӣ Кумитаи тадорукот тадбирҳои марбутаро анҷом додаст. Бояд зикр кард, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳури Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Таври анъанавӣ Рӯзи пойтахт барои кулли сокинон аз ҷониби шаҳрдорӣ рӯзи меҳнати созанда ва рушду ободонии Душанбешаҳр муқаррар гардидааст. Дар ин рӯз тамоми озмунҳои касбии дар тӯли сол эълондоштаи шаҳрдорӣ ҷамъбаст ва ба ғолибон мукофтотҳо тақдим мегардад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






