ОҒОЗИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ҶАВОНОН

Март 31, 2010 14:55

Душанбе,  31 март. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). —  1  апрел дар  саросари   ҷумҳурӣ  маъракаи  даъвати  баҳоронаи  ҷавонон  ба  хизмати  аскарӣ  оғоз  меёбад. Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи  Қувваҳои  мусаллаҳи  мамлакат  аз  9  марти соли  2010 «Дар  бораи ҷавоб  додани  хизматчиёни  ҳарбии  мӯҳлати  хизматашон тамомшуда ва ба  хизмати  ҳарбӣ  даъват  кардани   шаҳрвандони  солҳои таваллудашон  1983 – 1992» маъракаи баҳоронаи  даъвати  ҷавонон  ба  сафи  Қувваҳои  мусаллаҳ  шурӯъ мегардад. Аз  Вазорати  мудофиа  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки   имсол   масъулияти   иҷрои  нақшаи  даъвати  ҷавонон  ба  хизмати  аскарӣ  ва  таъмини  сифати  амалӣ  сохтани тадбирҳои  вобаста ба  ин  маърака  ба  зиммаи  муовинони  раисони  вилояту  шаҳрҳо  ва  ноҳияҳо  гузошта шудааст. Вазорати  мудофиаи  мамлакат  бо  мақсади  афзун  гардонидани ҳиссиёти  ватанпарастӣ  дар  байни  ҷавонон  ва  даъватшавандагон,  инчунин  вобаста ба  оғози даъвати  баҳорона  тадбирҳои гуногунро  ба  нақша  гирифтааст.

Март 31, 2010 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад