ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР СУҒД
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Тоҷикистон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишти пунбадонаро дар вилоят оғози расмӣ бахшид. Ҳоҷагии мазкур дорои 65 гектар замин буда, дар 12 гектараш боғ бунёд шудааст. Деҳқонони ин хоҷагӣ ҳамчунин дар 5 геткар замин гандум ва дар 2 гектари дигар пиёз кишт кардаанд. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аъзоёни хоҷагӣ ният доранд, соли ҷорӣ дар майдони 33 гектар пахтаи навъи «Фарғона-3» кишт намуда, аз ҳар гектари пахта 40 сентерӣ ҳосил рӯёнанд. Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, соли 2010 дар миқёси вилоят дар майдони наздик ба 60 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






