ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР СУҒД

Март 26, 2010 09:18

Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Тоҷикистон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишти пунбадонаро дар вилоят оғози расмӣ бахшид. Ҳоҷагии мазкур дорои  65 гектар замин буда, дар 12 гектараш боғ бунёд шудааст. Деҳқонони ин хоҷагӣ ҳамчунин дар 5 геткар замин гандум ва дар 2 гектари дигар пиёз кишт кардаанд. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аъзоёни хоҷагӣ ният доранд, соли ҷорӣ дар майдони 33 гектар пахтаи навъи «Фарғона-3» кишт намуда, аз ҳар гектари пахта 40 сентерӣ ҳосил рӯёнанд. Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, соли 2010 дар миқёси вилоят дар майдони наздик ба 60 ҳазор гектар пунбадона кишт  карда мешавад.

Март 26, 2010 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид