ОҒОЗИ САФАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН БА ҶТ

Март 18, 2010 11:42

 Субҳи имрўз 18 марти соли 2010 Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари давлатӣ  ба Тоҷикистон ташриф овард.         Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом  дар назди Қасри Миллат баргузор гашт.  Ба ин муносибат дар саҳни ҳавлии Қасри Миллат парчамҳои давлатии Тоҷикистону Туркманистон афрохта  шуда, Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф ороста буданд. Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ фармондеҳи Горди фахрӣ ба меҳмони олимақом гузориш дод ва сурудҳои миллии ҳарду давлат  садо доданд. Дар ҳамин вақт садои шиликҳои тупхона дар фазо танинандоз шуд, ки танҳо хоси сафарҳои давлатӣ аст. Баъд аз он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов аз назди ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон гузашт карданд. Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов  ҷониби Парчами давлатии Тоҷикистон бо нимтаъзим эҳтиром ба ҷо оварда, ба ҷузъу томҳои горди фахрӣ арзи салом намуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб аз наздик шинос шуданд. Дар маросими истиқболи расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ҳамчунин намояндагони сершумори корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд. Маросими  истиқболи расмӣ  бо гузашти низомии ҷузъу томҳои  Горди фахрии  Тоҷикистон аз назди сарони ду давлат ба поён расид. Масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон нахуст дар сўҳбати як ба яки сарони ду давлат ва  сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду кишвар баррасӣ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Март 18, 2010 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад