ОЗМУНИ «ХОМАИ ЗАРРИН»
Суғд, 11 март.(АМИТ «Ховар» Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов).-Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии рӯзноманигорони ҷавон тахти унвони «Хомаи заррин» баргузор гардид. Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани озмун баланд бардоштани сатҳи дониш маҳорату малакаи касбӣ ва ҷалби журналистони ҷавон, дарёфти истеъдодҳои нав аз ҳисоби ҷавонони болаёқату соҳибмаърифати вилояти Суғд мебошад. Озмун ба Рӯзи Матбуоти тоҷик бахшида шуда буд. Дар озмун ҷавонони синну солашон аз 14 то 30 сола дар асоси нишондоди қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» иштирок намуданд. Ғолибон муайян гардиданд. Ҷои аввал насиби Салимова Шоира – рӯзноманигори ҷавон аз рӯзномаи вилоятии «Ҳакикати Суғд» насиб гардид. Вай соҳиби саҳмияи «Роғун» ба маблағи 300 сомонӣ гардид. Ҷои дуюм насиби Азизаи Ҳамзаалӣ донишҷӯи шӯъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров гардид. Ба ӯ ба маблағи 200 сомонӣ саҳмияи НБО «Роғун» сарфароз гардонида шуд. Ҷои сеюм ба мухбири ҷавони рӯзномаи «Корвони умед» Дилбар Каримова – ба маблағи 100 сомонӣ саҳмияи НБО «Роғун» насиб гардид. Дар озмун муовини раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Чумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинова иштирок ва баромад кард. Аз тарафи Сайфулло Маҳкамов – муҳаррири газетаи «Корвони умед» ба якчанд нафар журналистони хушсалика ифтихорнома ва тӯҳфаҳои пулӣ тақдим гардид.