ОЗМУНИ «ХОМАИ ЗАРРИН»

Март 11, 2010 16:28

Суғд, 11 март.(АМИТ «Ховар» Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов).-Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии рӯзноманигорони ҷавон тахти унвони «Хомаи заррин» баргузор гардид. Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани озмун баланд бардоштани сатҳи дониш маҳорату малакаи касбӣ ва ҷалби журналистони ҷавон, дарёфти истеъдодҳои нав аз ҳисоби ҷавонони болаёқату соҳибмаърифати вилояти Суғд мебошад.  Озмун ба Рӯзи Матбуоти тоҷик  бахшида шуда буд. Дар озмун ҷавонони синну солашон аз 14 то 30 сола дар асоси нишондоди қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» иштирок намуданд. Ғолибон муайян гардиданд. Ҷои аввал насиби Салимова Шоира – рӯзноманигори ҷавон аз рӯзномаи вилоятии «Ҳакикати Суғд» насиб гардид. Вай соҳиби саҳмияи «Роғун» ба маблағи 300 сомонӣ гардид. Ҷои дуюм насиби Азизаи Ҳамзаалӣ донишҷӯи шӯъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров гардид. Ба ӯ ба маблағи 200 сомонӣ саҳмияи НБО «Роғун» сарфароз гардонида шуд. Ҷои сеюм ба мухбири ҷавони рӯзномаи «Корвони умед» Дилбар Каримова – ба маблағи 100 сомонӣ саҳмияи НБО «Роғун» насиб гардид. Дар озмун муовини раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Чумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинова иштирок ва баромад кард. Аз тарафи Сайфулло Маҳкамов – муҳаррири газетаи «Корвони умед» ба якчанд нафар журналистони хушсалика ифтихорнома ва тӯҳфаҳои пулӣ тақдим гардид. 

Март 11, 2010 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад