ОЗОДАГИИ ҲАР ШАҲР АЗ РАНҶБАРИИ РОҲБАР АСТ
Роғун, 5 март. (АМИТ «Ховар»,Зебо Давлатова). — Тавре, ки роҳбари корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Роғун»Эмомалӣ Зуҳуров ба хабарнигори АМИТ»Ховар» оид ба фаъолияти кормандони соҳа иброз намуд,соли гузашта дар Худуди шаҳр 100- бех дарахта арча шинонида шуд,ки аллакай сарсабз шудааст.Инчунин 4500 дона парвардаҳои гулҳои рангоранг,100 кг тухми ороишии сабза дар маркази шаҳр ва кучаи Ненахов шинонда шуд.Таъмири хати қубурҳои оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ,хатҳои корезӣ ва хати барқ,ба маблағи зиёда аз 220,0 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро шуданд. Дар масофаи 4000 метр роҳҳо аз лою қум тоза ва зиёда аз 300 тонна партовҳо аз дохили шаҳр бароварда шуданд.Инчунин,таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ ба маблағи30,0 ҳазор сомонӣ пурра аз партовҳо тоза карда шуда рангубори бинои маъмурии КВД «ХМК»20000 сомониро ташкил дод.Барои таъмири рушноидиҳии кӯчаҳои шаҳр 27000 сомонӣ маблағ харҷ гардидааст. Ҷиҳати таъмир намудани ҷӯйборҳо ва канори роҳҳои кӯчаи марказии шаҳр ба маблағи 75025 сомонӣ харҷномаи корҳо тартиб дода шуда,дар ҳаҷми 67,000 сомонӣ корҳо ба сомон расонида шудааст,боз корҳои таъмирию сохтмонӣ давом доранд.Ҳамзамон,роҳҳои мошингард ва пиёдагарди марказии шаҳр ба маблағи 60000 сомони асфалтпӯш гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






