ПАХТАИ ФАРХОР ПУРРА КОРКАРД МЕШАВАД

Март 19, 2010 11:21

Душанбе,19 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои раиси дастгоҳи ноҳияи Фархор 700 нафар сокинони ноҳия ба кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар ноҳия корхонаи нави бофандагӣ ба кор оғоз кард, ки он дар солҳои   наздик тамоми пахтаи истеҳсолшударо пурра коркард мекунад. Бо кушодашавии корхонаи нав 200 нафар сокинони маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин шуданд. То ин вақт дар ноҳия як корхонаи ресандагӣ фаъолият дошт, ки дар солҳои 1995 – 96  мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфта буд. Мардуми ноҳия онро корхонаи «Файз» ном мебурданд. Он дар як сол то 100 – 150 тонна пахтаро коркард менамуд. Барои мардуме, ки 10 ҳазор нафараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад,  зарурати сохтмони чунин корхона пайдо шуд. Ба гуфти мутахассисон  дар сурати дар се баст фаъолият доштани корхона, нафақат пахтаи истеҳсолшудаи ноҳияи Фархор, балки пахтаи ноҳияҳои ҳамсоя низ коркард  карда мешавад. 

Март 19, 2010 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад