ПАРДОХТИ САРИВАҚТИИ ҚУВВАИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ШАҲРВАНД
Шаҳраки Сомониён, 19 март. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии сардори Шабакаҳои барқи ноҳия Аслиддин Назаров бо роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, идораю муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо ва умуман фаъолони ноҳия баргузор гардид. Аслиддин Назаров сарфаю сариштакориро дар соҳаи энергетика ёдрас намуда, дар бораи ҳатман насб намудани ҳисобкунакҳои барқӣ дар тамоми биноҳо фаҳмонида, дар бораи пардохти саривақтии ҳаққи қувваи барқ масъалагузорӣ намуд. -Доимо коршоям будани таҷҳизотҳои барқӣ аз пардохти саривақтии ҳаққи қувваи барқ вобаста аст,-таъкид кард ӯ. Ҳозирин хеле беҳтар шудани сифату мӯҳлати хизматрасониро дар соҳаи барқ нек арзёбӣ карда, ваъда доданд, ки дар ин кори басо муҳим муташаккилона ҳиссагузорӣ хоҳанд кард








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






