ПАЁМИ МУНШИИ УМУМИИ СММ ДАР БОРАИ НАВРӮЗ

Март 16, 2010 17:43

Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). – Паёми  Муншии  умумии  СММ Пан Ги  Мун  дар  бораи  Рӯзи байналмилалӣ эълон  кардани Наврӯз  дар Маҷмаи  кулли  СММ паҳн  карда  шуд. Дар  паём  гуфта  мешавад, ки  ҳамчун  рӯзи  байналмилалӣ  эътироф  гардидани  Наврӯз  дар  бораи  дарки  бештари аҳамияти  ин  ҷашн  на танҳо  дар  минтақаҳое, ки онро  таҷлил  менамоянд,   балки   дар  саросари  ҷаҳон  шаҳодат  медиҳад. Дар  давоми  ҳазорсолаҳо,  вақте, ки  офтоб  хати устуворо  убур  карда,  нимкураи  шимолиро тарк  менамояд,   фасли  баҳор  оғоз  меёбад.  Халқҳои  Балкан,  ҳавзаи  Баҳри  Сиёҳ, Қафқоз, Осиёи  Марказӣ,  Шарқи  Наздик ва  манотиқи  дигар  бо  омад – омади  Наврӯз  расму  анъанаҳои  қадимаи  худро  ба  ҷо  меоранд. Ин  расму оинҳо – аз  тоза  ва  ранг  кардани   хонаҳо  то  аёдати  дӯстон  ва  кушодани  дастурхони  наврӯзӣ ифодагари  рӯҳияи  бедоршавии табиат   буда,  на танҳо барои  мардуми  минтақаҳои  зикршуда, балки  барои тамоми   халқҳои  сайёра ҳамчун  манбаи  илҳом  хизмат  мекунанд,  гуфта  мешавад  дар  паёми  Муншии  умумии  СММ. Пан  Ги  Мун  ба  муносибати  фаро расидани  Иди  байналмилалии  Наврӯз  изҳори  умед  менамояд, ки  халқҳо  ва  мамлакатҳои  ҷаҳон  дар  заминаи  таърихи  пайдоиш  ва   расму  оинҳои  таҷлили  Наврӯз  роҳи  сулҳ  ва  зиндагии   осоиштаро  пеш  гирифта,  зиндагии  худро бо  қонунҳои табиат  ҳамоҳанг  сохта,  муносибатҳои  мусолиматомезро  дар  саросари  ҷаҳон  қавитар  менамоянд.

Март 16, 2010 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд