ПОДОШИ ПАЙРАВОНИ «ҶАМЪИЯТИ ТАБЛИҒ» ЧИСТ?

Март 10, 2010 16:14

Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 5 марти соли 2010 Исоев Х.Ш., Абдиев С.А., Давлатов Х.К., Тошматов М.У. ва дигарон (ҷамъ 56 нафар) бо моддаи 3073,  қисмҳои 1 ва 2 КҶ ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил ва иштирок дар фаъолияти «Ҷамъияти Таблиғ», ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда, дар бораи манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, гунаҳгор дониста шуда, маҳкум шуданд. Нисбати 23 нафар маҳкумшуда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати аз 3 то 6 сол ва нисбати 33 нафар ҷазо дар намуди  ҷарима ба фоидаи давлат ба андозаи аз 1000 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда шудааст.

Март 10, 2010 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад