ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА ЭРОН МЕРАВАД

Март 17, 2010 14:18

Душанбе,  17 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Иди байналхалқии  Наврӯз  имсол  28  март  дар  шаҳрҳои  Теҳрон  ва  Шероз  таҷлил  карда  мешавад. Аз  дафтари  матбуоти  Вазорати  корҳои  хориҷӣ ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки  Президенти  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  барои  иштирок   дар  тантанаҳои   идонаи   Рӯзи  байналмилалии  Наврӯз  27  март  ба  Эрон хоҳад  рафт. Тавре  хабар  дода шуда буд,  дар  иҷлосияи  64 – уми  Маҷмаи  кулли  СММ бо  аксарияти  овозҳо дар  бораи   таҷлили  Рӯзи  байналмилалии  Наврӯз  қатънома  қабул   карда шуда буд.  Лоиҳаи қатъномаи  мазкурро Тоҷикистон  ҳамроҳи  намояндагони Озарбойҷон,  Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон,  Туркманистон ва  Туркия  таҳия  намуда,  ба  Маҷмаи  кулли  СММ  пешниҳод  карда буд.

Март 17, 2010 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд