ПРОБЛЕМАҲОИ ХУРДИ ИНШООТИ БУЗУРГ
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Сафири кабири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Анри Сиппер де Фабианӣ барои аз наздик шинос шудан бо рафти корҳои сохтмонӣ ва дидани шароити кори мутахассисон ба майдончаи сохтмонии терминали нави фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омад. Тавре аз маркази матбуоти КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доанд, дар майдончаи сохтмонӣ мутахассисони тоҷик ва фаронсавӣ аз рафти корҳои иҷрошуда ва нақшаҳои оянда дар ҳузури сафир машварат карданд. Ҷаноби сафир дар машварати корие, ки доир гардид иброз дошт, ки ҷониби Фаронса тамоми қувваро ба он равона менамояд, ки иншооти ҷашнӣ дар мўҳлати муайяншуда ба истифода дода шавад. Ба саволи мо нисбати баъзе мушкилоти пешомада аз қабили таҳияи ҳуҷҷатҳои расмӣ ва корӣ Ҷаноби Фабиани гуфт, ин мушкилиҳои хурди иншооти бузурганд, ки зуд ҳал хоҳанд шуд. Ҷаноби Фабиани иброз дошт, ки минбаъд ҳар рўзи душанбе бевосита аз рафти корҳои сохтмонии терминали нави фурудгоҳи Душанбе хабар мегирад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






