ПРОБЛЕМАҲОИ ХУРДИ ИНШООТИ БУЗУРГ

Март 2, 2010 10:00

Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).  — Сафири кабири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Анри Сиппер де Фабианӣ барои аз наздик шинос шудан бо рафти корҳои сохтмонӣ ва дидани шароити кори мутахассисон ба майдончаи сохтмонии терминали нави фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омад. Тавре аз маркази матбуоти КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доанд, дар майдончаи сохтмонӣ мутахассисони тоҷик ва фаронсавӣ аз рафти корҳои иҷрошуда ва нақшаҳои оянда дар ҳузури сафир машварат карданд. Ҷаноби сафир дар машварати корие, ки доир гардид иброз дошт, ки ҷониби Фаронса тамоми қувваро ба он равона менамояд, ки иншооти ҷашнӣ дар мўҳлати муайяншуда ба истифода дода шавад. Ба саволи мо нисбати баъзе мушкилоти пешомада аз қабили таҳияи ҳуҷҷатҳои расмӣ ва корӣ Ҷаноби Фабиани гуфт, ин мушкилиҳои хурди иншооти бузурганд, ки зуд ҳал хоҳанд шуд. Ҷаноби Фабиани иброз дошт, ки минбаъд ҳар рўзи душанбе бевосита аз рафти корҳои сохтмонии терминали нави фурудгоҳи Душанбе хабар мегирад.  

Март 2, 2010 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад