Р.ЗАРИФБЕКОВ ПАРЧАМИ ВАРЗИШИ ТОҶИКРО БАЛАНД ХОҲАД БАРДОШТ

Март 5, 2010 15:34

Душанбе,  5 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). —  Варзишгари  ҷавон  Руслан  Зарифбеков  соли   2009   дар   намуди  варзиши  миллии гӯштингирӣ   қаҳрамони  Тоҷикистон  гардид. Вай  зимни  сӯҳбат  бо  мухбири  АМИТ «Ховар»  зикр  намуд, ки   самбо ба ҳадафи  асосии зиндагиаш  табдил  ёфтааст ва  ӯ  анъанаи    аҳли  оиларо  дар  соҳаи  варзиш  давом  хоҳад  дод. Р.Зарифбеков  аз   хонаводаи  гӯштингирони  маъруфи бадахшонӣ  Зарифбековҳо  мебошад, ки  дар  рушди  соҳаи  варзиш  саҳми  калон  гузоштаанд. Онҳо   дар  шаҳру  ноҳияҳои  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  ҳамчун  гӯштингирони номӣ  шӯҳрат  пайдо  кардаанд. Руслан  аз  овони  кӯдакӣ  машқ  ва қувваозмоиҳои  бародари  калониаш  Сосаланро  бодиққат   мушоҳида   мекард.  Сосалан    мисли  падараш  гӯштингири  машҳур  буд.  Руслан  ба  падар  ва  бародараш  пайравӣ  карда,  дар  роҳи  варзиш  қадам  гузошт  ва  комёбиҳои  калон  ба  даст  овард. Ӯ  борҳо  дар   мусобиқоти  қаҳрамонии   самбо,  дзюдо ва гӯштини  миллӣ  чӣ  дар  дохили мамлакат  ва чӣ  берун  аз он ширкат  варзидааст.  Р.Зарифбеков  соли  2009  дар   мусобиқаи  байналхалқии  бахшида ба  ёдбуди қаҳрамони  варзиши  ҷаҳон,  гӯштингири  машҳури тоҷик  Саидмӯъмин  Раҳимов  дар вазни то  90  килограмм ҷои  сеюмро  ишғол  намуд. Руслан  айни  ҳол  таҳти  роҳбарии мураббиаш  Маҳмадшариф  Сулаймонов дар  Мактаби  маҳорати олии  варзиши  шаҳри  Душанбе  машқ  мекунад. Вай Академияи  Вазорати  корҳои дохилии   Тоҷикистонро  хатм  кардааст.  Ба  қавли  ӯ,  варзиш  таҳсилро  дар   ин  мактаби   олӣ хеле  осон  гардонид.   Руслан  зикр  намуд, ки  дар  баробари  гӯштингирӣ  ба   намудҳои  дигари  варзиш  аз  ҷумла, волейбол ва  футбол  шавқу  ҳаваси  калон  дорад.  Руслан  зимни  сӯҳбат бо  боварии  қатъӣ  изҳор  намуд, ки   орзу  дорад парчами  миллии  Тоҷикистонро  аз  қуллаи  кӯҳҳои  Помир   баландтар  бардорад.  Умед  аст, ки ин  орзуи  ӯ  ҳатман  ҷомаи  амал  хоҳад  пӯшид. Руслан  Зарифбеков  хеле  ҷавон  аст  ва  ҳамагӣ  23 — сола  мебошад. Мо  ҳам  умедворем, ки  варзишгари  ҷавон   ба орзуҳояш  мерасад ва  ба  ӯ   комёбиҳои  нав ба  нав  орзу менамоем.  

Март 5, 2010 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад