Р.ЗАРИФБЕКОВ ПАРЧАМИ ВАРЗИШИ ТОҶИКРО БАЛАНД ХОҲАД БАРДОШТ
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Варзишгари ҷавон Руслан Зарифбеков соли 2009 дар намуди варзиши миллии гӯштингирӣ қаҳрамони Тоҷикистон гардид. Вай зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки самбо ба ҳадафи асосии зиндагиаш табдил ёфтааст ва ӯ анъанаи аҳли оиларо дар соҳаи варзиш давом хоҳад дод. Р.Зарифбеков аз хонаводаи гӯштингирони маъруфи бадахшонӣ Зарифбековҳо мебошад, ки дар рушди соҳаи варзиш саҳми калон гузоштаанд. Онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчун гӯштингирони номӣ шӯҳрат пайдо кардаанд. Руслан аз овони кӯдакӣ машқ ва қувваозмоиҳои бародари калониаш Сосаланро бодиққат мушоҳида мекард. Сосалан мисли падараш гӯштингири машҳур буд. Руслан ба падар ва бародараш пайравӣ карда, дар роҳи варзиш қадам гузошт ва комёбиҳои калон ба даст овард. Ӯ борҳо дар мусобиқоти қаҳрамонии самбо, дзюдо ва гӯштини миллӣ чӣ дар дохили мамлакат ва чӣ берун аз он ширкат варзидааст. Р.Зарифбеков соли 2009 дар мусобиқаи байналхалқии бахшида ба ёдбуди қаҳрамони варзиши ҷаҳон, гӯштингири машҳури тоҷик Саидмӯъмин Раҳимов дар вазни то 90 килограмм ҷои сеюмро ишғол намуд. Руслан айни ҳол таҳти роҳбарии мураббиаш Маҳмадшариф Сулаймонов дар Мактаби маҳорати олии варзиши шаҳри Душанбе машқ мекунад. Вай Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ба қавли ӯ, варзиш таҳсилро дар ин мактаби олӣ хеле осон гардонид. Руслан зикр намуд, ки дар баробари гӯштингирӣ ба намудҳои дигари варзиш аз ҷумла, волейбол ва футбол шавқу ҳаваси калон дорад. Руслан зимни сӯҳбат бо боварии қатъӣ изҳор намуд, ки орзу дорад парчами миллии Тоҷикистонро аз қуллаи кӯҳҳои Помир баландтар бардорад. Умед аст, ки ин орзуи ӯ ҳатман ҷомаи амал хоҳад пӯшид. Руслан Зарифбеков хеле ҷавон аст ва ҳамагӣ 23 — сола мебошад. Мо ҳам умедворем, ки варзишгари ҷавон ба орзуҳояш мерасад ва ба ӯ комёбиҳои нав ба нав орзу менамоем.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






