«РОҒУН» БУНЁД МЕШАВАД

Март 1, 2010 11:06

Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловазод).- Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» нафақат барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа аз аҳамият холӣ нест,   Бо   бунёди он ҳазорҳо гектар боғу роғ, заминҳои бекорхобида ва чарогоҳу даштҳои ташналаб  бо об, хонаи ҳар як тоҷикистонию ҳамсоядавлатҳо  бо барқи арзонтарин таъмин гардида, сабаби бавуҷудоии корхонаҳои азими замонавӣ дар ҷумҳурӣ низ мегардад. Аз ҳама муҳим,  истиқлолияти энергетикиро  дар кишвар таъмин хоҳад кард, — мегӯяд муҳандис – барқсози Вазорати энергетика ва саноат Муҳаммадӣ Юсуфҷонов. Ёдовар мешавем, ки иқтидори лоиҳавии НБО – и «Роғун» 3 600 мегаватт буда аз 6 агрегат иборат аст. Дар сурати сохта ба истифода дода шудан, истеҳсоли солонаи қувваи барқи нерӯгоҳи мазкур 13, 1 млрд. кВт соатро ташкил медиҳад.  «Роғун» иншооти тақдирсоз аст, ки  бо нангу номус ва ақлу заковати мардуми Тоҷикистон сохта хоҳад шуд.

Март 1, 2010 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд