РОҲҲОИ ПОЙТАХТ ТАЪМИР КАРДА МЕШАВАНД

Март 9, 2010 15:28

Душанбе, 9 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки 9 март доир шуд ба  масъулини пойтахт супориш дод, ки ҳашарҳои умумишаҳриро бо ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигӣ, роҳбарони субъектҳои хоҷагидори шаҳр мақсаднок баргузор намуда, ҳолати татбиқи нақшаи чорабиниҳои пойтахтро оид ба  таҷлили сазовори иди Наврӯз ва 20-солагии Истиқлолият зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Инчунин, дар ҷаласа масъалаи ба низом даровардани хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ баррасӣ шуд. Раиси шаҳр бо хулоса аз гузориши комиссияи ҷамъиятии пойтахт  муқаррар сохт, ки  баҳри ташкили фаъолияти муназзам ва реҷавии нақлиёти ҷамъиятӣ, назорати риояи ҳаракати онҳо дар хатсайрҳо ва пешгирии хатсайршиканиҳои бархе аз ронандагони  микроавтобусҳо назорати ҷамъиятӣ доимӣ ба роҳ монда шуда,  иҷрои вазифаи директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» таври мудовим ба зиммаи муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе А. Шералиев  вогузошта шавад. Ҳамзамон,  М. Убайдуллоев таваҷҷӯҳи раисони ноҳияҳо ва Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахтро ба вазъи ногувори роҳҳо ҷалб намуда, бо нигаронии қатъӣ дастур дод, ки бо истифода аз ҳавои мусоид корҳои таъмири ҷорӣ ва ҷузъии хушсифати роҳҳоро ба сомон расонанд.  

Март 9, 2010 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд