РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД КУШОДА ШУД
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Рафту омади нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд соати 12 — и 5 март аз нав пурра барқарор карда шуд. Сардори шӯъаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Владимир Багуманов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат, мошинҳо айни ҳол танҳо аз Душанбе ба самти Хуҷанд ҳаракат мекунанд. Ҳаракати нақлиёт аз ҷониби Хуҷанд ба самти Душанбе аз рӯи ҷадвали муайян иҷозат дода мешавад. Ҳаракати нақлиётро дар роҳи мазкур кормандони Идораи бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ ба низом медароранд. Бояд гуфт, ки шаби гузашта дар километри 65 – уми роҳи мазкур якбора дар чанд ҷой тарма фуромад. Дар натиҷа тақрибан 60 мошини боркашу сабукрав дар иҳотаи барфу тарма монд. Бо ҳамин сабаб роҳ баста шуд. В.Багуманов зикр намуд, ки ба туфайли амалиёти таъҷилию самарабахши муассисаҳои ҳифзу муроқибати роҳ ҳаракати нақлиёт аз нав пурра барқарор карда шуд.








Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд






