РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД КУШОДА ШУД

Март 5, 2010 15:01

Душанбе,  5 март. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих). —  Рафту  омади  нақлиёт  дар   роҳи  мошингарди  Душанбе – Хуҷанд  соати  12  — и  5  март  аз  нав  пурра  барқарор  карда  шуд. Сардори  шӯъаи  Вазорати  нақлиёт  ва  коммуникатсияи  ҷумҳурӣ  Владимир  Багуманов  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  бо  мақсади  таъмини  бехатарии  ҳаракат,   мошинҳо  айни  ҳол  танҳо  аз  Душанбе  ба  самти  Хуҷанд  ҳаракат  мекунанд.  Ҳаракати  нақлиёт аз  ҷониби  Хуҷанд  ба  самти  Душанбе   аз  рӯи  ҷадвали муайян  иҷозат  дода  мешавад.  Ҳаракати  нақлиётро  дар  роҳи  мазкур   кормандони  Идораи  бозрасии  давлатии  автомобили  Вазорати  корҳои  дохилӣ  ба  низом  медароранд. Бояд  гуфт, ки  шаби  гузашта  дар километри  65 – уми  роҳи  мазкур   якбора  дар  чанд  ҷой  тарма   фуромад. Дар натиҷа  тақрибан  60 мошини  боркашу  сабукрав   дар  иҳотаи  барфу  тарма  монд.  Бо  ҳамин  сабаб   роҳ  баста  шуд.  В.Багуманов   зикр намуд, ки  ба  туфайли   амалиёти  таъҷилию самарабахши   муассисаҳои  ҳифзу  муроқибати роҳ  ҳаракати нақлиёт аз нав  пурра  барқарор  карда  шуд. 

Март 5, 2010 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад