РОҲИ ТУННЕЛ ТАРМИМ ШУД
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Чанд рӯз пеш роҳи туннели Шаршар дар километри 67 – 68 — ум фурӯ рафт. Сабаби ин боридани борони тӯлонӣ мебошад. Мошинҳои боркаш ба воситаи роҳи давродавр ба туннел сар дода шуданд. Сардори шӯъбаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Владимир Багуманов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки мутахассисони муассисаҳои роҳсозии вазорат намояндагони ширкати пудратиро ба маҳалли воқеа даъват намуданд. Онҳо барои тармими қитъаи фурӯрафтаи роҳ масолеҳи зарурӣ муҳайё сохтанд. Айни ҳол қитъаи роҳ пурра тармим шуд ва рафту омади нақлиёт дар ин ҷо мӯътадил давом дорад. Инчунин роҳҳои даромаду баромади туннелҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» аз барфу тарма тоза карда шуданд. Тавре хабар дода шуда буд, роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд ба воситаи туннели «Истиқлол» бо сабаби фуромадани тарма чанд рӯз баста буд. Айни ҳол рафту омади нақлиёт дар роҳи мазкур барқарор карда шуд. В.Багуманов зикр кард, ки дирӯз дар километри 65 – уми роҳи самти туннели «Истиқлол» боз тарма фуромад. Айни ҳол барои тоза кардани роҳ аз тарма тадбирҳо андешида мешаванд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






